Яхмевахо

Яхмоси мевагин-ро намешавад, ки дӯст надорем! Зеро вай на танҳо ҳамчун хунуккунанда, балки ширинии бомазза низ ҳаст. Яке аз бартариятҳои яхмоси мевагин-ин колориятнокии паст аст. Ҳатто дӯстдотагони парҳезхӯрок метавонанд, ки онро истеъмол кунанд.

Тамъи яхмоси аз маҳсулотхои табии омодашуда ҳар касро ба худ чалб мекунад. Ба шумо лозим намеояд, ки вақти қимматбаҳои худро барои тайёр намудани чунин яхмос сарф кунед, зеро ин корро барои шумо ширкати Яхмоси 33 карда истодааст. Шумо танҳо аз тамъи он лаззат баред. 

 

Стакандор

 

Стакандор яхмосест, ки ба тамоми чаҳон машҳур аст ва ҳамагон онро дӯст медоранд. Нисбати дигар шириниҳо вай на танҳо тамъи хуш дорад балки таъсири шаффофи хунуккунанда дорад, бинобар ҳамин вай маълуму машҳур гаштааст, махсусан дар ҳавои гарм. Имрузҳо яхмосро қариб дар ҳама жо харидорӣ кардан мумкин аст, зеро он дар ҳолати нигаҳдории дуру дароз дар чойҳои махсус тамъ ва сифати худро гум намекунад.

Аз ҳама намуди машҳуртарини ин яхмос пломбири стакандор мебошад. Намудаш оддӣ, вале дар тамъ аз дигар яхмосҳо камбудӣ надорад ва ба ҳама маъқул аст. Ҳамчунин тарзи омодашавии осон имконият медиҳад, ки ин яхмос нархи дастрас дошта бошад ин сифат чунин яхмосро ширинии болаззат ва арзон гардонидааст.

 

Яхмоси вазни

 Яхмоси вазнӣ тамъи нотакрор ва фаромӯшнашаванда дорад. Ҳатто дар рӯзҳои гарми тобистон вай ташнагиро мешиканад. Зеро ин маҳсулот аз компонентҳои босифат ва табиӣ омода шудааст. Чунин яхмос тамъи хуш дораду болаззат аст. Ҳамчунин ба он тамъҳои гуногун омехта кардан мумкин аст.  Стакани шоколади-нони ба рангҳои гуногун метавонад, ки табъи кӯдаконро болида намояд. Яхмоси вазнӣ бо олуча, банан ё бо дигар меваҳои экзотикӣ орододашуда ба шахс ҳиссиёти фаромӯшнашаванда меорад

 

 

Эскимо

Яхмоси эскимо аз пломбир, ки бо шоколади глазурӣ пӯшонида шудааст иборат мебошад. Бисёр вақт ин шириниро бо чӯбча (дастак) омода карда ба истеъмолкунандагон пешниҳод менамоянд. Ин навъи яхмос аз нури офтоб тез об намешавад, зеро вай бо шоколад пӯшонида шудааст ва он намегузорад, ки нури офтоб ба яхмос тез таъсир кунад. Имрузҳо дар мағозаҳо ҳар намуди ин яхмосро во хӯрдан мумкин аст, масалан бо тамъи меваҳо ё мағзи ба шоколад омехта карда шуда. Ҳамаи ин барои ҷалби харидорон ва бахшидани ҳиссиёти нотакрор ба онҳо мебошад.  

 

partnet

Суроғаи хуқуқӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, минтақаи саноатии шимолу шарқӣ.

 Яхмоси 33

        Call- center(+992) 92-888-33-00